FILVENIX
Поиск
Долина Вандж | Ноҳияи Ванҷ
Долина Вандж | Ноҳияи Ванҷ
Подписчики:
1 521 подписчиков
ID:
162684708
Блокировка:
Нет ограничений
Верификация:
Сообщество не верифицировано администрацией ВКонтакте
Видимость
открытое
Популярность:
У сообщества нет огня Прометея
Домен:
vanj_valley
Описание
Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки 171 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба рӯди Ванҷ ҷой дорад. Ҷойгоҳ Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язгулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дошта, аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Баландии водӣ аз сатҳи баҳр аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Ромео с обочины (Уличный Ромео) (Бродяга Ромео)
Час Земли-28 Марта 2009, суббота, 20:30
////I DANCE LOVE/*46*/
ГраффитиПосад | Город Талантов
Товарищ Чебурек